Ҷаласаи корӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии амал оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2021 дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо иштироки сардорони воҳидҳои минтақавии Системаи ягонаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои фавқулодда машварати корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа нақшаи муштараки амалиёт барои соли 2021, дар бораи ҳамоҳангсозии якҷояи амалҳои хадамоти ноҳиявӣ дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда дар минтақа ва истифодаи усулҳои муосири огоҳкунии аҳолӣ баррасӣ гардид.

Ба кормандони Раёсати КҲФ дар шакли рӯнамоӣ харитаи минтақаҳои хатарнокро, ки дар қаламрави минтақа ҷойгиранд, пешниҳод карданд ва инчунин оид ба омода сохтани аҳолӣ ба офатҳои табиӣ тавсияҳо доданд.