Тарма дар роҳҳои кишвар. Аз Бадахшон то Лахш

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ дар ноҳияи Шуғнон 14 – уми марти соли 2021 тахминан соати 17:50 дақиқа дар километри 550-уми деҳаи Пастхуфи ҷамоти деҳоти Пастхуф бар асари лағзиши тарма роҳи мошингард байналмиллалии  Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ муваққатан баста гардид.

Барои тоза намудани мавзеи зикршуда 1 адад боркунаки фронталӣ аз ҳисоби МНДРА-и ноҳия сафарбар гаридида, тахминан соати 08:46 дақиқа роҳ аз тарма тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.

****    ****    ****

Ҳамчунин аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар доданд, ки 14-уми марти соли равон тахминан соати 11:20 дақиқа  дар километри 36-уми мавзеи Хамвои деҳаи Хиҷез, ҷамоати деҳоти Бартанг тарма фаромада, роҳи самти Рӯшон-водии Бартанг муваққатан маҳкам гардид.

Барои тоза намудани роҳи мазкур 1 адад техникаи муҳандисии ДТ-75  аз МНДРА-и ноҳияи Рӯшон сафарбар карда шуда, соати 19:37 дақиқа роҳ дар мавзеъ кушода шуд.

****    ****    ****

Рӯзи 14-уми марти соли 2021 тахминан соати 19:20 дақиқа дар километри 46-уми мавзеи Систи ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим дар натиҷаи лағзиши тарма роҳи мошингарди байналмиллалии самти Хоруғ-Ишкошим муваққатан маҳкам гардид.

Барои тоза намудани роҳи мазкур 1 адад техникаи муҳандисии боркунаки фронталӣ аз МНДРА-и ноҳияи Ишкошим сафарбар карда шуда, соати 20:35 дақиқа роҳ дар мавзеъ кушода шуд.

 ****    ****    ****

Бино ба гузориши сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Лахш 14 марти соли 2021 соати 08:15 дақиқа дар километри 303-юми шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш-Саритоши Ҷумҳурии Қирғизистон тарма сарозер шуд. Дарозии он ба тахмин 100 метр ва баландиаш ҳудуди 4 метр буд.  

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад автогрейдер аз МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида, роҳ дар ин мавзеъ соати 14:55 дақиқа аз тарма тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.