Раёсати Хатлон

Дуюмин боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз маҳалли офат дар ноҳия Хуросон зарфи се рӯзи охир

Зарфи се рӯзи охир Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бори дуюм аст, ки ба ноҳияи Хуросон меравад ва шахсан бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулодда шинос мешавад, бо мардуми рустоҳои осебдида ҳамсуҳбат мешавад ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар корҳои бартарафсозӣ...

Борон нагузашта боз борон, борон...Ва селу бодҳои шадид ҳамоно харобкорӣ мекунанд

Баҳор ҳоло нарафта ва ҷойи худ ба тобистон надода. Дар ин моҳ мо шоҳиди харобкориҳои боронҳои пуршиддату селҳои азим дар чанд нукоти кишвар будем, ки бадтарин ҳолат дар ноҳияи Хуросон буд. Ва батадриҷ мушкили офат кам мешавад, ҳаёт дар минтақа ба маҷрои худ бозмегардад. Аммо ин гумон хато буд, ки дигар борон даст ба бедодиву вайронӣ намезанад, чун дамои ҳаво гарм шуда. Дигар бод харобкорӣ намекунад...

Кумакҳои навбатӣ ба сокинони осебдидаи Хуросон. Диду боздидҳои сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз макони офат

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии муқими кишвар – шарикон аз гурӯҳи РЕАКТ: Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар ҶТ ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кумакҳои навбатиро расонданд.  Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода...

Сокинони аз сел осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти хатлон соҳиби заминҳои нав шуданд

67 хонаводаи аз селҳои ахир осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рӯзи 24-уми майи соли равон соҳиби замин шуданд. Қарор аст онҳо аз ин минтақи селзада ба маҳалли дигар, деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ кӯч банданд. Рӯзи иди Сайиди Фитр бо қуръапартоӣ ин 67 хонавода аввалин асноди занини навро ба даст оварданд. Қуръапартоӣ бо ширкати ҳама ниҳодҳои дахлдори ноҳия гузашт...

Вазъ дар ноҳияи Хуросон: Хонаву ҳавлиҳои сокинон аз селовардаҳо пок мешаванд

53 нафар сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  42 хонаҳои деҳаи 18-ум ҳизбро аз обу лоиқа  тоза карданд. Нақлиёти ҷудошуда аз ноҳияи Хуросон ва  КҲФ  180 метр заҳбуру заҳкаш, 63 метр канали обгузарро тоза карданд. То бегоҳи рӯзи 22-уми май Хадамоти муҳофизат аз селҳо  659 маҷроҳи канали мавзеи офати табииро  дар масофаи 520 –ро соҳилбандӣ кард. Инчунин, теппаҳои муҳофизатии

Страницы