Сокинони аз сел осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти хатлон соҳиби заминҳои нав шуданд

67 хонаводаи аз селҳои ахир осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рӯзи 24-уми майи соли равон соҳиби замин шуданд. Қарор аст онҳо аз ин минтақи селзада ба маҳалли дигар, деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ кӯч банданд. Рӯзи иди Сайиди Фитр бо қуръапартоӣ ин 67 хонавода аввалин асноди занини навро ба даст оварданд. Қуръапартоӣ бо ширкати ҳама ниҳодҳои дахлдори ноҳия гузашт ва аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумита полковник М.Салимзода ва Сардори Раёсати КҲФ дар Хатлон полковник С.Исозода иштирок намуданд.

Ҳар оилаи зарардида аз қитъаҳои дигари дур аз селроҳа соҳиби 8 сотих замин шуданд ва онҳо ҳақи бунёди хонаву киштукор дар ин заминҳоро хоҳанд дошт. То бунёди хонаҳои нав онҳо дар хаймаҳое зиндагонӣ хоҳанд кард, ки ҳоло дар ихтиёр доранд.

Қарор аст имрӯз, 26 майи соли 2020 Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳуриявӣ ба шаҳрвандони зарардидаи деҳаҳои Н.Асадулло, Хуросон  ва 18-ум ҳизби ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра ва ё қисман зарар дидаанд, масолеҳи сохтмонӣ тақсим кунад.

Маврид ба ёдоварист, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриявӣ рӯзи 21-уми май зарари расида ба хоҷагиҳо ва сокинони ноҳияи Хуросон аз борону селҳои шадиди маҳи май ва корҳои то кунун анҷомшударо ба ин тартиб хулоса карда буд: ба 244 хоҷагии деҳаҳои Н. Асадулло, Хуросон ва 18-уми Ҳизби ҷамоати С.Айнӣ зарари иқтисодӣ расида, аз ин 33-хоҷагӣ пурра, 9-хоҷагӣ қисман, ба дохили 181ҳавлии сокинон ва хонаҳои истиқоматии онҳо, иншоотҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигӣ обу лойқа даромадааст. Аз сабаби идомаи фурӯ рехтани ярч 21 нафар сокинон худсарона хонаҳои истиқоматиашонро кандаанд.

Ҳоло корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин сели харобиовар идома доранд. 

М. Муйдинов