Раёсати Хатлон

Тозаахбори ин соат. Ҷасади боз ду ғарқшуда дар об пайдо шуд: яке 15, дигар 17-сола

Боз ду ҷасад аз оби сард берун оварда шуд. Якеро аз Норак ва дуюмиро аз Зарафшон ёфтанд. Ва ҳарду ҳам ҷавон: яке писаракест, ки 15 сол дорад ва дар бораи ӯ дирӯз хабар дода будем ва дуюмӣ духтари 17-сола. Имрӯз боз ду хона мотам доранд, ду хонавода азодор, ду модар хунинҷигар. Ва сабаби марги ин ду ғарқшуда беэҳтиётӣ номида шуд. Пас бояд эҳтиёт кард, бояд волидон ноболиғони худро танҳо нагузоранд.

Тозаахбори ин соат. Қасди худкушии як зан дар Душанбе. Ноболиғи ғарқшуда дар Норак ва муштзании фоҷеабори ду ҷавон дар Душанбе

Боз хабари ғарқи об шудани ду нафар расид ва омори ба ҳалокатрасидагон дар обҳои кишвар ду нафар афзуд. Яке ноболиғе, ки нав ба синни 15 по мегузошт ва дигар ҷавони 25 – сола, ки бо як нафари дигар пархошу муштзанӣ кардаву дар оби канал сарозер шудааст. Аммо аз мусибати дигар пешгирӣ шуд. Мусбате, ки як хонадонро метавонист дар мотам нишонад. Худкушии зани 43-сола, ки ҳоло сабаби он маълум нест.

Ҷаласаи сайёр дар ноҳияи осебдида аз сел

Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бунёди хонаҳои нав барои 67 сокини ин ноҳия, ки бар асари сели рӯзҳои 14-16-уми май манзилҳои худро аз даст дода буданд, идома дорад. Дар бораи кумакҳо ва талошҳо барои бартараф намудани оқибати селу ярчи он рӯзҳо мо хабарҳои зиёде дар сомонаи худ интишор додаем. Сарбозону афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати

Боздиди навбатии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз минтақаҳои офатзадаи ноҳияи Хуросон

16 июни соли 2020 бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар қаламрави деҳаи Чорбоғи ҷамоати ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросон Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант Рустам Назарзода аз ин минтақаи аҳолинишин дидан намуд. Раиси Кумита бо рафти корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва

“Ҷумҳурият”: Намебинем ё дидан намехоҳем?

Ин мақола посух ба касе нест, балки рӯнависи басо мухтасарест аз корҳои анҷомшуда барои бартараф намудани паёмадҳои сели харобкор ва ярч дар чанд минтақаи ноҳияи Хуросон. Мухтасар аст, ҳарчанд мехостам муфассалтар аз ин бошад, чун зарфи ҳудудан як моҳ ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҳсонкорон барои сабук кардани дарду ранҷи мардуми осебдида корҳоеро ба субут расондаанд, ки арзиши

Страницы