Раёсати Суғд

Наҷоти се нафар дар дарёи Сир, ки ду нафари онҳо ноболиғ буданд

Рӯзи гузашта, якуми июн ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафареро мушоиҳида карданд, ки ғарқ мешуданд. Баъдан маълум шуд, ки онҳо сокинони 25, 14 ва 10-солаи  ноҳияи Ҷаббор Расулови вилоят будаанд.

Савганди садоқати наваскарони КҲФ дар вилояти Суғд

Дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд наваскарони даъвати баҳории соли 2021 ба номи Ватан савганди ҳарбӣ ёд карданд. Маросими қабули савганди ҳарбии наваскарон бо иштироки сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти

Ду ғарқшуда дар рӯди Сир дар як рӯз. Наҷоти модари ду фарзанд дар рӯди Кофарниҳон

Зарфи як шабонарӯз ду нафар дар натиҷаи оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъи Сирдарё ба ҳалокат расидааанд. Дар хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки яке аз ин афрод 15 сол доштаву дуюмӣ 19 сол. Яке зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дуюмӣ сокини шаҳри Панҷекат.

Насби лавҳаҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳои вилояти Суғд

Вобаста ба калон будани ҳудуди обии вилояти Суғд ҳодисаҳои ғарқшавӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба шумор меравад. Аз ин р, ин масъалаи мубрам зери назорати қатъии Роҳбарияти Раёсат қарор гирифта шуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба оғози мавсими оббозӣ  пурзўр карда шуда, як қатор корҳои омодагӣ ба мавсим аз тарафи шахсони масъул ба сомон расонида шуда истодаанд.

Корҳои таблиғотӣ дар соҳили “Баҳри тоҷик” дар остонаи мавсими оббозӣ

Бо фаро расидани рӯзҳои гарм оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасон ва ҷавонон табдил меёбад. Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад шахсро аз оқибатҳои ногувори ҳифз кунад. Ин аст, ки бо супориши роҳбари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохӯши ғарқшавии...

Страницы