Пайдо шудани ду ҷасад дар обҳои кишвар. Яке дар Душанбе, дигаре дар Панҷекат

Шоми рӯзи 28-уми январи соли 2022, дақиқан соати 19:50 дақиқа    навбатдори  КВД «Обу корези шаҳри Душанбе»  хабар дод, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар дохили канали  дереватсионии “Варзоб” шафати ҳавзҳои танзимкунандаи корхона ҷасади шахсияташ номаълум намудор аст.

Соати 19:54 дақиқа Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд ва соати 20:35 дақиқа   ҷасади марди тахминан 30-40 сола, шахсияташ номаълумро аз об берун оварданд ва ба кормандони  макомоти ШВКД-и дар  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе супориданд.

Асри рӯзи 29-уми январи соли равон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз берун овардани ҷасади як марди дигар дар қаламрави Панҷекат хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки  29 январи соли 2022, тахминан соати 1625 дақиқа дар мавзеъи поёни Ғарибак аз тарафи рости дарёи Зарафшон дар шаҳри Панҷекат наҷотдиҳандангони ихтиёрӣ ҷасади як марди шастсола, сокини шаҳри Панҷекат, маҳаллаи Суғдиён, кӯчаи Қаҳҳориро аз об берун оварданд.

Гуфта мешавад, ки ин мард аз 25-уми январи соли равон нопадид шуда буд ва хешовандонаш мегӯянд он рӯз соати 10 аз хона берун шуд ва дигар барнагашт.

Сабаби дар об ғарқ шудани ӯ маълум нест.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ду мавриди ёдшуда таҳқиқот оғоз кардаанд.