Раиси вилояти Суғд дар ноҳияҳои Айниву Панҷекат бо ҷараёни корҳои рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ шинос шуд
Чоп шуд: 26/07/2021 | redaktorРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат рӯзи 20 июл дар деҳаи Шурмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё сел омада, ба хоҷагии халқ зарар расонид. Бар асари офати табиӣ чанде аз хонаҳои сокинон зарар дида, роҳу пулҳо хароб гардиданд.