Сарраёсати мудофиаи гражданӣ ва на танҳо он
Чоп шуд: 02/10/2019 | redaktor![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/2_7.jpg?itok=eMTOkO_I)
Дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати мудофиаи гражданӣ аз калонтарин ва қадиматарин бахшҳо ба ҳисоб меравад. Солҳову асро инсоният талош кардааст, ки ба муқобили рӯйдоҳои ногувор, офатҳои табиӣ ва ғайра муқовимат кунад. Роҳу шеваи ин муқовимат аз оғоз то ба имрӯз гуногун будаву зина ба зина ташаккул ёфтааст.