Дар ВМКБ ҳолате тамрин шуд, ки маъмулан баъди заминларза ба вуҷуд меояд
Чоп шуд: 31/10/2019 | redaktor
Тамринҳои фармондеҳӣ-ситодии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба анҷом расиданд. Ин тамринҳо дар се марҳила тарҳрезӣ ва аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ роҳандозӣ шуданд.