Оқибатҳои "заминларза" дар пойтахт бартараф шуданд, Маркази гармидиҳӣ аз "сӯхтор" эмин монд

Ин буд хулосаи тамринҳои серӯзае, ки дар ноҳияи Фирдавсии пойтахти кишвар роҳандозӣ шуд. Тибқи ривоят бар асари заминларза иншоотҳои давлатӣ ва хонаҳои истиқоматии сокинон хароб шуда буданд. Аз зери шикастапораҳо зарардидагон берун оварда мешуданд ва барои ин кор техникаи муҳандисӣ истифода мешуд, онҳо ба бригадаи ёрии таъҷилӣ, ки ҳамин замон расида буд, супурда мешуданд ва барояшон ёрии тиббӣ мерасиданд. Ғайр аз ин,  кормандони Кумита дастрасии бегонагонро ба маҳалли офат маҳдуд карданд, нуқтаи сайёри тақсими ғизо ташкил намуданд, иртиботҳоро бо олами беруна аз макони офат барқарор сохтанд.

   26 октябри соли 2019 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамринеро, ки дар яке аз ноҳияҳои зерсистемаи ҳудудии мудофиаи граждании шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст карданд. 

Кормандони КҲФ муддати се рӯз ҳамаи хадамоти ноҳияи Фирдавсиро ҷалб карданд. Дар қаламрави ноҳия ҷойҳои омӯзишӣ ташкил карда шуданд, ки дар он кормандони Кумита чорабиниҳои омода сохтани аҳолӣ ба мудофиаи гражданӣ, хабаррасонии офати табиӣ, таъмини воситаҳои ҳимояи шахс, истифода техникаро нишон дорданд. Шартан корҳои садамавиву наҷотро ба роҳ монданд.

Дар ҷараёни омӯзиш 130 нафар аз зумраи ҳайати роҳбарӣ (раисони комиссияҳо, роҳбарони минтақавии Системаи ягона, роҳаброни ташкилоту муассисаҳо, мактабҳо ва раисони маҳаллаҳо), 60 воҳиди техникии наҷот, муҳандисон ва кормандони хадамоти комуналӣ, 400 нафар муаллимон ва хонандагони мактабҳо ва бештар аз 300 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Тибқи ривоят бар асари заминларза зербиноҳо, иншоотҳо ва хонаҳои истиқоматии сокинон хароб шуда буданд. Аз зери шикастапораҳо зарардидагон берун оварда мешуданд ва барои ин кор техникаи муҳандисӣ истифода мешуд, онҳо ба бригадаи ёрии таъҷилӣ, ки ҳамин замон расида буд, супурда мешуданд ва барояшон ёрии тиббӣ мерасиданд. Ғайр аз ин, кормандони Кумита дастрасии бегонагонро ба маҳалли офат маҳдуд карданд, нуқтаи сайёри тақсими ғизо ташкил намуданд, иртиботҳоро бо олами беруна аз макони офат барқарор сохтанд.

Ҷаласаи фаврии комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Фирдавсӣ гузаронида шуд, ки дар асоси он масъалаҳои назариявии кӯчонидани аҳолӣ ҳал карда шуд. Дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40, маркази истиқомати муваққатӣ барои аҳолии кӯчонидашуда ҷойгир карда шуд.

Баъдан дар қаламрави Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир аст, тибқи нақшаи машқҳо дар натиҷаи офати табиӣ "сӯхтор" ба амал омад. Бо кӯмаки гурӯҳҳои оташнишонӣ ва наҷотдиҳандагон КҲФ «сӯхтор» бартараф карда шуд.

Инчунин нуқтаи таҳвили асбобҳои муҳофизати инфиродӣ ва қабули оммавии зарардидагон ташкил шуд.

Ҳадафи асосии тамринҳо таҳияи нақшаи ҳамкорӣ байни хадамоти ноҳиявӣ мебошад. Барои бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти фаврии ноҳия, ёрии таъҷилӣ, шуъбаҳои ВКД, таҷҳизот ва коргарони ташкилотҳои сохтмонӣ ва шаҳрдорӣ ҷалб карда шуданд.