Анҷоми амалиёти кумак ба кӯҳгардони британиёӣ дар ВМКБ. Онҳо ба Душанбе наомаданд ва ба сафари худ идома доданд
Чоп шуд: 27/07/2023 | redaktor
Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, 20-уми июли соли равон соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумита ин хабар расид, ки ду шаҳрванди Британияи Кабир: Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудан 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир шудааст, аз боло афтодаву осеб дидаанд ва муҳтоҷи кумак мебошанд.