Ахбори рӯз

Шумори қурбоншудагон дар заминларзаи рӯзи шанбеи Ҳирот ба 2053 нафар расид

Ҳирот

Ин заминларза, ки рӯзи шанбе, 7 октябри соли равон соати 11:19 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар Афғонистон рух дода буд,  боиси ҳалокати 2053 нафар шудааст ва 9240 нафар маҷруҳ гаштанду захмҳо бардоштанд.

Маркази ин заминларза тахминан 40 километр дар қисмати шарқиву ғарбии шаҳри Ҳирот ва 662 километр ғарби шаҳри Кобул буд.  Қувваи он дар марказ 6,2 баллро ташкил дод.

КҲФ: Хатари омадани сел бар асари боронҳои шадид боқист

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 7-8 октябри соли равон болоравии сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимол дорад. Дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар назар аст.

Мулоқоти генерал Назарзода бо Раймундас Кароблис

5 октябри соли 2023 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафир  Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои ду рӯзи оянда дар кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 6-7 октябри соли 2023 дар водиҳои мамлакат бориши боронҳои шадид дар назар аст. Шаби 7 октябр дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борони шадид метавонад ба барф табдил шавад. 

Поксозии соҳили дарё аз ҳар гуна партобҳо дар Хоруғ

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, коллеҷи тиббӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No8-и шаҳри Хоруғ...

Страницы