Ахбори рӯз

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавии Олма-Ато ширкат дорад

10 ноябри соли  2023  дар шаҳри Олма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон  Форуми минтақавӣ – Ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода ширкат дорад.

Зарари сел дар ноҳияи Панҷ! Хатар бартараф нашудааст. Эҳтиёт кунед!

9 ноябри соли 2023 боронҳои пуршиддат сабабгори омодани селҳо дар қаламрави деҳаи “10-солагии Истиқлолияти давлатӣ”-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шуд. Дар натиҷа селроҳаи “Овзикент – 2”  аз об лабрез шуда, ба 6 хонаи истиқоматии сокинон ва 74 қитъаи наздиҳавлигӣ зарар расонд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз аз сели деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи...

106 нафар наваскарони қисмҳои ҳарбии КҲФ савганди садоқат ёд карданд

9 ноябри соли 2023 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аввалин наваскарони даъвати тирамоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқат ёд карданд.

Дар ин рӯз 106 нафар наваскарон аз се қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании...

Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар самти идораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ

8 ноябри соли 2023 баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон...

Оғози сардиҳои сол. Ҳушдор аз боронҳои пуршиддату селҳои эҳтимолӣ. Чӣ бояд кард? Силсилатавсияҳо. Бахши аввал

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 8-9 ноябри соли равон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар қаламрави кишвар борон меборад (дар баландиҳо беш аз 2000 метр барф), дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди вилояти Суғд борон пуршиддат меборад.

Страницы