Ахбори рӯз

Роҳбарони КҲФ-и Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия мулоқот карданд

Дар идомаи сафар миёни Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия мулоқоти дуҷониба доир гардид.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

КҲФ:Ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои СААД дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои СААД оид ба ҳолатҳои фавқулода, санаи 4 сентябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.

Дар кори он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баромад намуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ изҳори назар намуда, вобаста ба фаолияти корӣ дар рафти ҷаласаи мазкур баҳои баланд дод.

КҲФ: Наҷотдиҳандагон ҷасади як шаҳрвандро аз об бароварданд

Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ҷасади як шаҳрвандро аз об бароварданд

Шоми 3 сентябри соли 2025 тахминан соати 18:50 дақиқа гурӯҳи наҷотбахшони Раёсати хадамоти таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади шаҳрванди ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҳудуди ноҳия ғарқ шуда буд, аз об бароварданд.

КҲФ: генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои СААД ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд.

Ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсози давлатҳои аъзои СААД оид ба ҳолатҳои фавқулода, санаи 4 сентябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори он баромади Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар назар аст.

КҲФ: Ҳамкориҳои Кумита дар доираи шарикони рушд

Санаи 3 сентябри соли 2025 ба  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои рушд аз ҷониби Ҷумҳурии Белоруссия кӯмаки ниёзи аввалия  расонида шуд. 

Дар чорабинии мазкур  муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди

Страницы