Ахбори рӯз

Наҷоти як духтари 26-сола, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир афканда буд

2-уми сентябри соли равон, соати 10:20 дақиқа як сокини 26-солаи кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сир афкандааст.

Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании нгазди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Ярч дар деҳаи Сесангаи ҷамоати шаҳраки Оби Гарм маҷрои дарёи Кундалангро баст

29 – уми августи соли 2025,  соати 21:30 дақиқа дар қисмати шарқии деҳаи Сесангаи ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ярч ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса симчӯби оҳанини хати барқии баландшиддати 35-ҳазор кВт корношоям  шуда, роҳи мошингузари собиқ Оби Гарм-Нуробод баста гардид.

Ярч маҷрои дарёчаи Кундалангро баст. Эҳтимол мерафт

Ҳалокати як наврас дар оби “Мехкарйер”-и шаҳри Душанбе

31-уми августи  соли 2025, соати 11:58 дақиқа ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Гравзавод, дар ҳавзи ба машҳур бо номи  “Мехкарйер” писарбачае ҳангоми оббози  аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст. Баъди гирифтани хабар фавран гурўҳи 2-юми Дастаи

КҲФ: Вохӯрии судманд

Нимаи дуюми рӯзи 29 августи соли 2025 миёни Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо роҳбари барномаи кишварии Созмони Миллали Муттаҳид — занон дар Тоҷикистон, хонум Марзия Байдуллоева вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқот Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуд.

КҲФ: Вохӯрӣ бо шарикони рушд

Нимаи дуюми рӯзи 29 августи соли 2025, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати бозҳам густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мароқ зоҳир карда шуд.

Страницы