Ахбори рӯз

КҲФ-Суғд:Санҷидани лавҳаҳои огоҳкунанда вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ, андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кудакон ва наврасон дар соли 2026  аз ҷониби масъулини Шуъбаи ҳифзи аҳоли ва ҳудуди Раёсат, шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен  насби лавҳаҳои огоҳкунанда  вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар мавзеъҳои барои оббозӣ хатарноки ҳудуди дарёи Сир, обанбори “Баҳри Тоҷик” инчунин  ҳолати омодагии урдугоҳҳои бачагона ва ҳавзҳои шиноварӣ, чораҳои  

КҲФ: ИДОМАИ ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҒАРҚШАВӢ ДАР Н.РӮДАКӢ

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, аз ҷумла рақамӣ 3 - ин ноҳияи мазкур  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ доир гардид.

  Дар ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Кумитаи 

КҲФ-Хатлон: Боздид аз паёмадҳои офати табиӣ

Санаи 10 июни соли 2026, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон полковник Саидов Сайдаҳмад ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи баамаломада бар асари офати табиӣ ба ноҳияи Панҷ сафар намуда, аз маҳалҳои зарардида боздид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 5 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи сар задани офати табиӣ ба як қатор ҳавлиҳои истиқоматии сокинони ноҳия об ворид гардидааст.

КҲФ:ОГОҲӢ ОИД БА ВАЗЪИ НОМУСОИДИ ОБУ ҲАВО (15–18 АПРЕЛ)

Аз номи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 15–18 апрел дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи номусоиди обу ҳаво пешгӯӣ мегардад.

Рӯзи 16 апрел дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ боришоти борон дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва минтақаҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон бошиддат меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр, боришот дар шакли барф пешбинӣ мешавад.

КҲФ: Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соли 2026

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифагузорӣ барои семоҳаи дуюми соли 2026 ҷаласа доир гардид.

    Ҷаласаро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба роҳбарӣ гирифта, оид ба масъалаҳои кори ҷаласа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Страницы