Ахбори рӯз

КҲФ: Хатари лағзиши тарма то 21-уми феврал боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки баъди бориши шадиди барф ва гарм шудани дамои ҳаво дар рӯзҳои 18-21 феврали соли 2023 дар  роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор ва  ғарби ВМКБ, роҳҳои Душанбе-Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ҷилондӣ, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тарма меафзояд.

Имдодгарони тоҷик дар Қаҳрамонмаръаш боз 16 ҷасади ҳалокшудагонро берун овраданд, ки 8 нафари онҳо кӯдакон буданд

16 ҷасади ҳалокшуда

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта аз зери вайронаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия 16 ҷасади ҳалокшудагонро берун овраданд, ки 8 нафари онҳо кӯдакон буданд.  Аз аввали оғози корҳои ҷустуҷӯву наҷот имдодагарони тоҷик ҷасади 196 куштаи заминларзаи Туркияро аз зери харобаҳо берун

69 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз. Шумори куштагони тарма 17 нафар эълон шуд

Tarma

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 69 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Шумори қурбониёни тарма ба 17 нафар расид. Барф дар навоҳии кӯҳиии ВМКБ ба шиддат меборад. Хатари тарма ва резиши санг рафъ нашудааст. Роҳҳо аксаран бастаанд. Табиат бераҳмона зиндагии мардумро ба мушкил рӯбарӯ месозад. Чунончӣ, 16 – уми феврали соли 2023 дар қаламрави

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари тарма то 19-уми феврал боқӣ мемонад! ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  аз 17 то 19-уми феврали соли 2023 бар асари ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои намнок аз самти уқёнуси Атлантик ва баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ ва Хазар дар қаламрави мамлакат...

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо як ҳайат аз сохторҳои дигари давлатии кишвар ба ВМКБ рафт

Дар Хоруғ ва манотиқи дигар бар асари лағзиши тарма зарардида корҳои рафъи паёмадҳои он ба шиддати бештар идома дорад. Субҳи имрӯз бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расондани ёрии ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода...

Страницы