Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар омадани селҳо ва се ҳодисае ба қайд гирифта шуд, ки анҷоми фоҷеавӣ дошт. Се тифл дар об ғарқ шудаву ҳар се ба ҳалокат расиданд. Онҳо аз 14 то 3 сол доштанд. Ҳамаи онҳо дар назди махзанҳои об бе назорати волидон қарор доштанд.
Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодён рӯзи 12 майи соли 2023, тақрибан соати 16:10 дақиқа як сокини 6-солаи деҳаи Гулчини ҷамоати деҳоти Навободи ин ноҳия дар об ғарқ шудааст.
Сабаби ин ҳодиса беназорати волидайн гуфта шудааст. Ин ноболиғ хостааст аз оби канал об нӯшад ва дар он сарозер шудааст.
Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад.
Сардори бахши Кумита дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҳалокати як сокини 14-солаи деҳаи лангари ноҳия хабар дод. Гуфта мешавад, ки номбурда рӯзи 11 майи соли 2023 соати 11:05 дақиқа ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ниёв аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Ҷасади ӯ аз ҷониби сокинон 100 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.
Бино ба маълумоти сардори Шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 12 майи соли 2023, тақрибан соати 17:30 дақиқа як кӯдаки 3-сола аз кӯчаи Беҳрӯзи шаҳраки Сомониёни ноҳия бехабара аз волидонаш аз хона берун шуда, дар ҷӯйбори оби полезӣ ғарқ шудааст.
То ҳол ҷучтуҷӯи ҷасад натиҷа надодааст.
Гуфтанист, ки аз аввали сол дар обҳои кишвар 35 нафари ғарқ шуданд, ки 23 нафари онҳо бачаҳои то 16-сола буданд. Аз ҷумла, 3 нафарашон то чорсола, 11 нафарашон аз 5 то 10 сола ва 9 нафари дигар аз 11 то 16 сол доштанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи падарону модарон мерасонад, ки бачаҳои худро беназорат нагузоранд. Сокинон ҷиддан қоидаҳои бехатариро дар обҳо риоя намоянд.
12 майи соли 2023 тахминан соати 17:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ бар асари боронҳои пуршиддат дар ҳудуди деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ омадани сел ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷа роҳи байни деҳаҳо хароб гардид. Дар масофаи 200 метр ба ҷӯйборе, ки барои обёрӣ кардани заминҳои кишт хидмат мекард, ҳар гуна лойобаву сангу рег ворид гашт.
Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият мекунад.
Ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.