Ахбори рӯз

Супориши Пешвои миллат барои расонидани кумаки башардӯстона ба осебдидагони Покистон

Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистонро бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Бар асари офатҳои табиӣ 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар шаҳрвандони кишвар зарар дидаанд.

Ҳамчунин, беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу...

Семинари муфид дар мавзӯи коҳиши хатари офатҳо

Мутахассисони Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи илмӣ дар семинар оид ба баррасии натиҷаҳои стресс-тест дар системаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ иштирок намуданд. Семинар бо сарпарастии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба...

Ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар ВМКБ

2-уми сентябри соли ҷорӣ дар мачлисгоҳи Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ  намоянда аз МИҲД-и ВМКБ - муовини аввали раиси вилоят Мирзозода Н.Ю ва сардорони дигар идораю муассиаҳо бо ҳайати шахсиашон аз ҷумла, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи...

Дуюмин садамаи маргбори мошин дар қаламрави вилояти Суғд зарфи ду рӯзи охир. КҲФ ҳушдор медиҳад!

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар рафъи паёмадҳои як садамаи маргбор иштирок карданд. 

Аз ин ҳодиса соати 00:20 рӯзи 1-уми сентябр ба қисми навбатдории Раёсат хабар доданд. Дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд садамаи мошин рух дода буд. 

Паноҳгоҳ барои паноҳандагони эҳтимолӣ ба истифода омода шуд (ВИДЕО)

Паногоҳ

1 сентябри соли 2022 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода дар маросими супурдани нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолие, ки аз офатҳои табии рухдода дар қаламрави  яке аз воҳидҳои КҲФ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир аст, ширкат намуд.

Страницы