Ахбори рӯз

Ҳалокати 3 мусофири “Mercedes-Benz”, ки дар дарёи Фон сарозер шуда буд.Ронанда ва як мусофири дигар зинда монданд

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 31 – уми август тахминан соати 20:05 дақиқа дар километри 121-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеи деҳаи Чоре назди пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як

Баргузории маросими таҳвили кумаки башарӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ

Баргузории маросими таҳвили кумаки башарӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ

Имрӯз 31 августи соли 2022 дар ҳудуди Раёсати таъминоти моддию техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳои барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб барои 1000 оилаи паноҳандагони эҳтимолӣ ва ашхосе, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, баргузор гардид.

Се рутбаи генералӣ, як ордени Спитамен дараҷаи 2 ва як медали Ҷасорат ба кормандони КҲФ. Ҳамкоронро муборакбод мекунем!

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбиро супориданд.

Ғолибони мусобиқоти варзишӣ бахшида ба солгарди Истиқлоли Тоҷикистон муайнян шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Истиқлоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ниҳодҳои Кумита бозиҳои гуногуни варзишӣ идома доранд.

 

 

Селҳои харобкор дар Покистон. Ҳудудан ҳазор нафар ҳалок ва наздик ба 33 миллион нафар зарар диданд (ВИДЕО)

Вазири  умури иқлимии Покистон гуфтааст, ки аз се як ҳиссаи ин кишвар дар пайи  сели бесобиқа зери об мондааст. Селҳои вайронгар дар нуқоти мухталифи Покистон хонаҳо, хиёбонҳо ва ҷодаҳои зиёдеро зери об кардааст. Бино ба маълумоти Раёсати мубориза бо офатҳои табии Покистон шумори қурбониёни ин селҳо дар саросари кишвар ба беш аз 1 ҳазор нафар расидааст.

Страницы