КҲФ: То охири ҳафта ҳавои номусоид боқӣ мемонад. АЗ ХАТАРИ ТАРМАВУ РЕЗИШИ САНГ ВА СЕЛ ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 09/03/2022 | redaktor
Комитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то поёни ҳафтаи ҷорӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Ба ноҳияҳои кӯҳии кишвар бориши барфу борон дар назар аст.