Мулоқот бо корманди Прокуратураи ҳарбӣ

28 июли соли 2022 дар доираи баланд бардоштани омодагиҳои хидматии ҳайати шахсӣ ва бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобила  бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” кормандони Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт, Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез, Раёсати сохтмон, истифодабарии биноҳо ва  иншооти Кумита бо Прокурори калони Шуъбаи назорат ва тафтиши Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Алишер Баҳризода мулоқот карданд.

Дар мулоқот дар бораи ин зуҳуроти номатлуб ва хатари он барои ҷомеа ва давлат сухан рафт.

Зимни суханронии худ Алишер Баҳризода дар бораи заминаҳои пайдоиши чунин зуҳурот бо далелҳои дақиқ ибрози назар намуд. Вай ҳамчунин гуфт, ки эктремизм ва терроризм то кадом андоза метавонанд ҷомеаро бесубот кунанд. 

Дар поёни суҳбат намояндаи Прокуратураи ҳарбӣ ба суолҳои зиёди кормандони Кумита посух дод.

барчасп: