Ахбори рӯз

САҲА ва Кумита ҳамкориро қавитар менамоянд

5-уми апрели соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории Раиси Кумита генерал-лейтенант Назарзода Р. бо Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар соли 2021 ва ҳамоҳанг намудани ҳамкориҳо дар соли 2022 баргузор гардид.

Вохурӣ бо намояндагони ду Кумита

Бо мақсади бардоштани интизоми ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, бедор намудани ҳисси миллӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ, шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Пирӯзии навбатии дастаи волейболбозони Кумита. Ҳисоб: 2:0

Дастаи волейболбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатӣ бо дастаи Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Ин бозӣ охири ҳафтаи гузашта дар толори   Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 баргузор шуд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар аз 4 то 5 апрели соли 2021 дар баъзе ноҳияҳо боронҳои пуршиддат меборанд, дар водиҳо ин борон метавонад ҳамроҳ бо раъду барқ ояд. Дар доманакӯҳҳо, дар баландиҳои  беш аз 2000 метр шабонгаҳон барф меборад. Ҳамчунин эҳтимоли...

Пирӯзии навбатии волейболбозони Кумита ба ҳисоби 2:1!

Бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш ва ҳаёти солим, сулҳу субот дар ҷомеа, устувор мондани дӯстию бародарӣ ва рафоқат байни кормандони вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ибтикори  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҳар гуна бозиҳои варзишӣ идома дорад.

Страницы