Ахбори рӯз

Дарсҳои омӯзишӣ дар қисмҳои ҳарбии марзбонии КДАМ

Бо мақсади ҳамкории мутақобила ва дар асоси Нақша – омӯзиш байни Кумита ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Панҷ, кормандони Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон миёни афсарону сарбозон давраҳои омӯзишӣ гузарониданд.

Хабарҳои рӯзи гузашта: Сел дар ноҳияи Варзоб, худкушии ҷавонзане бо тифли яксолааш дар Язгулом

Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми июни соли 2022 дар деҳаи Ғажнеи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб бинобар сабаби боридани борони зиёд дар километри 32-юм лойқа ва сангу шағал фаромада, муваққатан  роҳ баста гардид. Борони шадид ҳамчунин ба 4 ҳавлӣ лойқа ворид намуд.

Наҷоти чор узви як хонавода дар рӯди Сир, ки дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳандозии як амалиёти муваффақ чор нафареро, ки қариб буд дар дарёи Сир ғарқ шаванд, наҷот доданд.

Ин ҳодиса рӯзи 11-уми июн, тахминан соати 14:40 дақиқа рух дод. Чор нафар сокинони кӯчаи Холмуродови ноҳияи...

Партоби 18 мушак дар фазои боронии Данғара ва Ваҳдат

Рӯзи 11-уми июни соли равон Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо партоби 18 мушаки “Алазан-6” 5 ҳолати резиши жолаи харобкор дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдатро барҳам зад.

Бино ба гузориши ин хадамот аз соати 13:53 то соати 14:34 дақиқа дар фазои боронии ноҳияи Данғара 12 мушаки...

Зарари раъду барқ ба ду нафар дар Сағирдашт. Яке ҳалок шудаву дуюмӣ бо ҷароҳат бистарӣ

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ раъду барқ як нафарро дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо 15 сар гӯсфандаш ба ҳалокат расонда, як хонуми 43-солаи ҳамин мавзеъро ҷароҳатдор кардааст.

Шахси фавтида зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти

Страницы