Ахбори рӯз

Сабти ду ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳи Рӯшон – Бартанг. Хатар дар роҳҳо ҳамоно боқист. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Бар асари бориши шадиди барф дар чанд рӯзи охир дар роҳҳои Душанбе – Айнӣ, Рашт – Сангвор, Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ – Ишкошим хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мондааст.

Бино ба иттилои расида аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ шабонарӯзи гузашта...

Панҷ ҳолати лағзиши тарма дар роҳҳои ВМКБ. Хатар ҳамоно боқист

14 – уми феврали соли 2022 дар мавзеъҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим ва Рӯшон – Бартанги ВМКБ 5 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Роҳҳо бо талоши кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби техникаи махсус аз ғарами барф пок шуданд. Лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

Тамошои дастаҷамъии филми “Нигоҳи ғизол”

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филми “Нигоҳи ғизол”-и коргардони тоҷик Носир Раҳмонро тамошо карданд. Мусиқии ин филм аз ҷониби ҳунарманди маъруф Далер Назаров навишта шудааст.

Сужаи филм ривоят аз он дорад, ки чор марди силоҳдор ба

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар бахшҳои КҲФ дар шимоли кишвар

Бо мақсади фароҳам овардани низоми самараноки ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, инчунин амалӣ намудани вазифаҳои ба миён гузоштаи Раиси КҲФ доир ба гузаронидани вохӯриҳои иловагӣ, пешгирикунанда ва роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ мулоқоту дидорҳо баргузор карда мешаванд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма ва ях боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 16-уми феврали соли 2022 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Дар натиҷаи резиши барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Рашт–Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз...

Страницы