Ахбори рӯз

Идомаи тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Суғд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт, Зафаробод, ҳамчунин шаҳри Спитамени вилоят тамрини мудофиаи гражданӣ баргузор карданд. Ҳадафи аслии ин чорабинӣ санҷиши амалии қобилиятҳои

Сел дар Панҷекат ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинони ҷамоати Лоиқ Шералӣ зарар расонд

23 апрели соли  2022 наздик ба соати 18:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷкати вилояти Суғд бар асари боронҳои пуршиддати он рӯз сел омад. Он селроҳаи Завронро аз об пур кард,  лойқа пули деҳаро, ки дар километри 64 роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷекат воқеъ мебошад, пӯшонд. Роҳ муваққатан баста шуд. Барои рафъи паёмадҳои офат техника ва кормандони

Ҷаласаи ноҳиявии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Панҷ баргузор шуд

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 тибқи банди 4-и нақшаи мазкур таҳти раёсати раиси ноҳияи Панҷ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Исозода С.  ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд.

Ду хабари рӯзи гузашта ва ду тавсияи КҲФ

22 апрели соли 2022 соати 18:00 як сокини 13-солаи деҳаи Ваҳдати ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехтарарӣ ғарқ шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 96-и пойтахт кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе Рӯзи мудофиаи граждании намоишӣ ташкил ва баргузор намуданд. Чорабинии мазкур дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022» баргузор гардид.

Страницы