Ахбори рӯз

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари лағзиши тарма аз байн нарафтааст!

5 январи соли ҷорӣ аз километри 2 то 27 роҳи мошингарди Рашт-Сангвор, ки аз мавзеъи Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор мегузарад, дар натиҷаи бориши зиёд лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Тарма роҳи ҳаракати мошинҳоро муваққатан баст.

Барои тоза кардани роҳ 5 адад техники Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда шуд. Дар айни замон роҳ пурра тоза...

Тақдими ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» ба ду кормандаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

5 январи соли  2022 Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти соли 2021-ро ҷамъбаст намуд ва дар номинаҳои гуногун барои ҷавонони фаъол ҷоизаҳо тақдим намуд.

Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

5 январи соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвари Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо иштироки Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-майор Аҳлиддин Маҷидзода коллегияи КҲФ оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хид матӣ дар соли 2021 баргузор шуд.

ФАВРӢ: Роҳи Душанбе – Хуҷанд барои мошинҳои сабукрав аз ду ҷониб боз шуд

Ширкати “IRS”  чанд лаҳза пеш аз боз шудани роҳи мошингарди Душанбе –Хуҷанд хабар дод. Бино ба гузориши интишоршуда дар саҳшифаи ин ширкат дар Фейсбук соате пештар роҳ барои мошинҳои сабукрав аз Хуҷанд ба самти Душанбе боз шуда буд. Ин лаҳза хабар дод, ки  “Ҳаракати нақлиёти сабукрав аз самти Душанбе ба тарафи Хуҷанд низ оғоз шуд. Ҳоло роҳ аз ҳарду самт барои нақлиёти сабукрав кушода аст...

КҲФ: Хатари лағзиши тарма дар роҳҳо боқӣ мондааст. Роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ муваққатан бастаанд (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такрор ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди  Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз,  Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб аз сабаби боришоти шадид хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.

Страницы