САЙҚАЛИ РӮИ ЗАМИН, БАДАХШОН
Чоп шуд: 26/11/2021 | redaktor
Ҳудуди даҳ сол пеш Бадахшон дар тӯи писари як рафиқам, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест, рафтам. Ва онҷо дарёфтам, ки чи миллати бузург будааст, миллати ман тоҷик...Меҳмон пеш аз ҳама инсон чи мартабае доштааст, - назди ин мардуми сар то по муҳаббат. Пастхӯф будам, Хӯф будам, Бархӯф будам. Рӯшон ноҳияи мардони бузурге чун Меҳрӯбон Назаров, Нуқрамоҳ Раҳматова хоҳараш хоҳарам, ҳамкурсам Гулсара Раҳматова...