КҲФ аз хавфи селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳад
Чоп шуд: 02/07/2021 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 6 июли соли 2021 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.