Ахбори рӯз

Диду боздидҳои Директори генералии БОР дар Осияи Марказӣ ва Ғарбӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

14 ноябри соли 2021 дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии департаменти минтақавии Бонки Осиёии Рушт дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷаноби Евгений Жуков аз шуъбаи Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Ҳисор дидан кард.

Ҳамоиши Глазго бо қабули як тавофуқнома ба поён расид. Таҳлилгарон онро ноқис ва нокифоя медонанд

Кишварҳои ҷаҳон саранҷом ба сари паймоне барои коҳиши хатарҳои тағйири иқлим дар иҷлоси Глазго ба тавофуқ расиданд. Ин аввалин тавофуқи иқлимӣ аст, ки сареҳан қасди коҳиши  масрафи зуғолсанг-бадтарин омили тавлиди газҳои гулхонаиро дорад.

 Бандҳои асосии ин созишнома:

Имдодгарони КҲФ як мошини сарозершуда дар каналро берун кашиданд

Дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз канали дериватсионии нерӯгоҳи обию барқии “Варзоб” мошини сабукрави тамғаи «Musso»-ро берун кашиданд.

Ин ҳодиса дирӯз, 11-уми ноябр рух дод. Дар хабаре, ки ба Қисми навбатдории Кумита расид, гуфта мешуд, ки як...

Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар Форуми Тошканд

Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд Форуми минтақавии  ҷаласаи сарварони идораҳои наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ба кор кард.

Дар кори ин форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал...

Мусобиқоти варзишӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Раёсати Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишии футбол, вазнбардорӣ, давидан ба масофаи 100 метр ва шашкаву шатранҷ баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаҳо дастаҳои қисми ҳарбии 45989-и КҲФ...

Страницы