Паёмадҳои заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рафъ мешаванд (ВИДЕО)
Чоп шуд: 13/07/2021 | redaktor
Бино ба маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод ва Гурӯҳи корӣ дар деҳаҳои Саричашма, Бӯстон, Кӯли Боло, Сумандара, Лангари Шоҳ, Мазори Боло, Мазори Поён ва Анвар Қаландари ин ноҳия дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ хонаҳои истиқоматӣ хароб шуданд ва мутаассифона, панҷ нафар ҷони худро аз даст доданд.