COVID-19: Болотарин сатҳи маргумири шабонарӯзӣ дар Ҳинд сабт шуд. Аммо сироят ва марг дар олам коҳиш ёфтааст
Чоп шуд: 10/06/2021 | admin
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки аз 31-уми май то 6-уми ииюни солим равон дар олам аз коронавирус 73 807 нафар ҷон бохтанд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 8% кам аст. Дар ин рӯзҳо дар саросари олам 3 миллиону 016 ҳазору 005 мубталои нав ба COVID-19 сабт шудааст ва дида мешавад, ки сураъти афзоиши гирифторони шабонарӯзӣ 15% коҳиш ёфтааст. Дар Африқо ин беморӣ то 25% рушд доштааст.