Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

5 декабри соли 2021 тахминан соати 17:44 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза  231 километр ҷанубу шарқ дур аз шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ  буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

барчасп: