Ахбори рӯз

Наҷоти се нафар дар дарёи Сир, ки ду нафари онҳо ноболиғ буданд

Рӯзи гузашта, якуми июн ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафареро мушоиҳида карданд, ки ғарқ мешуданд. Баъдан маълум шуд, ки онҳо сокинони 25, 14 ва 10-солаи  ноҳияи Ҷаббор Расулови вилоят будаанд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод ва гармиҳои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар минтақаҳои ҷанубии кишвар хокбод интизор меравад.

Аз 3 то 5-уми июни соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон то ба 45 дараҷа болоравии дамои ҳаво дар назар аст.

Мусобиқоти варзишӣ дар КҲФ

Якуми июни соли равон ҳайати шахсии Қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи сангбардорӣ ва давидан ба масофаи 3000 метр ширкат намуд.

 Се ҷойи аввал дар варзиши сангбардорӣ насиби майор Субҳиддин Нуриддинзода, лейтенант Аминҷон Давруқов ва лейтенант Шарифҷон Абдуллоев шуд. 

Пешгирӣ аз рӯйдодҳои нохӯш дар Бохтар

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба истиқболи оғози мавсими тафреҳу оббозӣ дар соҳили обҳои қаламрави вилояти корҳои тарғиботиву ташвиқотиро вусъат медиҳанд.

Чунончӣ, рӯи 1-уми июни соли равон кормандони Раёсат...

Охирин хабарҳо: Харобкориҳои боди шадид дар Хатлон. Заминларзаи беосеби субҳи имрӯз. Марги ду нафар дар обҳои Суғд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳое табиие чун заминларза, боди шадид ба қайд гирифта шуданд. Ҳамчунин ду ҳодисаи нохӯш дар обҳо низ сабт шудааст.

Чунончӣ, 31 майи соли 2021 бар асари боди сахту шадид дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ зарар диданд, боми хонаҳои баъзе сокинон...

Страницы