Рейдҳо дар соҳили обҳои кишвар. Истироҳаткунандагон бояд аз қоидаҳои оббозӣ бохабар бошанд
Чоп шуд: 08/06/2021 | admin
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими оббозӣ пайваста дар соҳили махзанҳои об рейдҳо мегузаронанд. Ин гуна чорабиниҳо бо мақсади санҷишу тафтиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар ҷараёни роҳандозии ин рейдҳо омодагиҳои хадамоти наҷот дар тафреҳгоҳҳо санҷида шуданд.