Ахбори рӯз

Як хирс дар Ванҷ ду нафарро захмӣ кард. ТАВСИЯҲОИ КҲФ: Дар рӯбарӯ шудан бо хирсҳо чӣ бояд кард?

19 октябри соли 2021 наздик ба соати 10:00 вақти маҳаллӣ ду сокини деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба ҳамлаи хирс рӯбарӯ шудаву шадидан захмӣ гаштанд. Ин ду нафар, ки як 14-сола ва дуюмӣ 48 сол дошт, субҳи бармаҳал барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд.

Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар ҷангали деҳаи Ғумаст...

КҲФ аз барфу борон ва ҳавои сард ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон да таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 21 то 22 октябри соли раво дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои...

Санҷиши омодагиҳои техникаи наҷот дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  азназаргузаронии солонаи техникаи наҷот баргузор шуд. Дар рафти ин азназаргузаронӣ омодагии техникаи наҷот барои мавсими зимистони санҷида шуд.

Санҷиш нишон дод, ки техникаи наҷоти Раёсат барои фаъолият дар давраи зимистон омода аст.

Идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба рӯзи коҳиши хавфи хатар аз офатҳои табиӣ рӯзи дарҳои боз баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-юми ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Семинари машваратии арзёбиҳои иқтидори системаи идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ (UNDRR ROECA) семинари машваратӣ оид ба арзёбии иқтидори системаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар семинар шумораи зиёди ҷонибҳои манфиатдор ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Страницы