Ахбори рӯз

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни истироҳаткунандагони соҳилҳо дар ВМКБ

Дар авҷи мавсими оббозӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳандозии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар мавзӯъи таъмини бехатарии одамон дар обҳо идома медиҳанд.

Онҳо пайваста миёни мардум ва истироҳаткунандагони соҳили дарёву кӯлҳо ва обанбору каналҳо ба хотири пешгирӣ

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадид ва гарду чанги рӯзҳои оянда дар баъзе минтақаҳои кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик, бахусус соатҳои шабонаву субҳгоҳӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, қисмати ғарбии ВМКБ боронҳои шадид ва раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Мулоқот бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии...

Боздид аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шиносоӣ бо шароити зисти сокинони зарардида дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Наҷоти як шаҳрванди 21-солаи Узбекистон дар Баҳри Тоҷик

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 13-уми июн ҷони боз як нафарро аз хатари ғарқи об шудан наҷот доданд. Ин ҳодиса дақиқан соати 11:30 дарқиқа дар соҳили Баҳри Тоҷик рух дод.

Ғарқшуда як ҷавони 21-сола, сокини Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд мезистааст. 

Страницы