Санҷиши омодагиҳои техникаи наҷот дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  азназаргузаронии солонаи техникаи наҷот баргузор шуд. Дар рафти ин азназаргузаронӣ омодагии техникаи наҷот барои мавсими зимистони санҷида шуд.

Санҷиш нишон дод, ки техникаи наҷоти Раёсат барои фаъолият дар давраи зимистон омода аст.