Ахбори рӯз

Садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Панҷ нафар ҷавонони аз 18 то 22-сола маҷруҳ шуданд

Субҳи рӯзи 23-уми апрели соли равон, дақиқан соати  08:30 дақиқа дар километри 100-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар мавзеъи  деҳаи Работи ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи  “Таёта-Кемри”, ки аз ҷониби як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии умқаш 15-20 метр дар соҳили Фондарё сарозер шуд.

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар мактаби №35-и шаҳри Душанбе

Дар саросари ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои махсуси масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 дарсҳои мудофиаи гражданӣ доир мешавад, ки ҳадаф аз онҳо омӯзишҳо ва санҷиши омодагиҳои мудофиаи гражданӣ мебошанд.

Ҳамин гуна дарсҳоро Раёсати Кумитаи ҳолатҳои...

Суҳбат аз коррупсия ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Рӯзи 21-уми апрели соли равон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе капитани адлия Давлатзод Собирҷон Ғафур мулоқот баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ сухан аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва...

Дарси кушод аз таърихи ташаккули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

23 апрели соли 2021 масъулини Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ як мулоқоти омӯзиширо бо ширкати  намояндагони Шӯрои собиқадорон ва нафақахӯрони Кумита бо афсарони ҷавони Дастгоҳи марказиро созмон доданд, ки дар он таърихи пайдоиш ва дастовардҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Мулоқт дар шакли дарси кушод буд...

Заминларза дар Тоҷикистон. Талафоти ҷониву хисорот ба қайд гирифта нашудааст

Тибқи маълумоти маркази зилзиласанҷӣ рӯзи 22.04.2021 соати 18:34 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила 21 км ҷанубу шарқ аз ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

 Қувваи зилзила дар марказаш 3 балл, дар ноҳияи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Страницы