Мулоқоти Раиси КҲФ бо Консули Исроил

Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода бо ҷонишини ҳайат ва Консули Сафорати Исроил дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Идан Давид баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Сарвари КҲФ ба меҳмони олиқадр дар бораи корҳои анҷомшуда дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт нақл кард. 

Раиси КҲФ ба ҷаноби консул дар бораи офатҳои табиии рухдода дар қаламрави кишвар, корҳои анҷомдодашуда дар бартарафсозии паёмадҳои онҳо, кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикои байналмилалӣ ба аҳолии осебдида маълумот дод.

Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои иқдомоти КҲФ дар пешгирӣ аз сирояти уфунии коронавирус ва вазъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дахл карда шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи тарҳҳои муштарак миёни идораҳои наҷоти ду кишвар дар вокуниш ба офатҳо, ҳамчунин омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони наҷотбахш ва расонидани ёрии техникиро низ баррасӣ намуданд. 

Ҷонишини сарвари ҳайат ва Консули Сафорати Исроил дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Идан Давид  ба қабули самимиву суҳбати хуб изҳори сипос намуд ва ба фаолияти КҲФ Тоҷикистон баҳои баланд дод. 

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд. 

барчасп: