Ахбори рӯз

Пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, коҳиши хатари офатҳои табиӣ як силсила корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, вохӯриҳо гузаронида мешавад. Дар канори роҳандозии корҳои ташвиқотӣ ҳамчунин бо ҷалби аҳолии маҳалҳо корҳои зиёди соҳилбандӣ, тоза кардани ҷӯву заҳбурҳо ба хотири пешгирӣ аз хатари сел анҷом мегиранд.

Рӯзи гузашта ҳамин гуна чорабинӣ бо ширкати...

Ҷасади зани 29-солае, ки аз канали “Дереватсионӣ” пайдо карданд, сокини ноҳияи Варзоб будааст

Дирӯз, 13-уми апрел соати 16:05 дақиқа ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабари ғарқи об шудани як зан расид. Дастаи зудамал фавран ба ҷойи ҳодиса расид ва барои берун овардани ҷасад аз миёни оби канал вориди амал шуд.

 

Машғулиятҳо барои афсарони Раёсати КҲФ дар Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи  омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе,  баҳри иҷрои бандҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии

Боз як ҷасади дигар дар кӯҳҳои Левакант. Бонуи 23-соларо низ ҳалокшуда дар баландии тахминан 2000 метр пайдо карданд

Левакант

Ба назар мерасад ду ҳамшира дар як макон ҳалок шудаанд. Бино ба иттилои  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  рӯзи гузашта, 13-уми апрел сокинони деҳаи Зағертии шаҳри Левакант аз пайдо шудани боз як ҷасад дар баландии бештар аз 2000 метр хабар доданд. Дастаи махсуси наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар мактаби № 6 шаҳри Душанбе

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 декабри соли 2020 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 «Рўзи мудофиаи гражданӣ»- и намунавӣ гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ 450-нафар хонандагон ва 20- нафар...

Страницы