Ахбори рӯз

Артиши миллӣ-сипари боэътимод ва омили зиндагии ободу осудаи кишвар

Барои он, ки дар бораи Артиши миллӣ –ҳамчун сипар ва ҳимоятгари кишвари азизамон сухан ронем, мехоҳам аз таърихи гузаштагонамон, аниқтараш аз подшоҳи хирадманду адолатпеша, номбардору қавиирода ва сарлашкари тавоное, ки бо тадбиру салоҳ ва талошҳои ҷонгудозе давлати Сомониёнро ривоҷу равнақ ва нашъу намо дод, Амир Исмоили Сомонӣ ёдовар шавем.

Пирӯзии тими КҲФ дар футболи хурд ва шатранҷ дар бозӣ бо тимҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар

Аз 17 то 20 феврали соли 2021, дар Клуби марказии артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар баргузор шуд.

16 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз дар роҳи Хоруғ – Ишкошим. Тарма ва сангрезиш роҳро муваққатан баст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон аз сабаби гармии ҳаво ва баъдан бориши барфу борон дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад. Чунончӣ, зарфи як шабонарӯзи гузашта дар роҳи

Ҳалокати падару писар дар як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Як мошини бензинкаши тамғаи “Дулан” дар километри 64,100 шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ба нишебии умқаш 30 метр сарозер шудааст ва ронанда ва мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 20 феврал соати 15:40  дақиқа рух додааст ва сабаби он аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.

Суҳбатҳо атрофи пешгирӣ аз нашъамандӣ. Мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовар

Чаро пешгирӣ аз гирифторӣ осонтар? Чаро бояд наврасон ва ҷавононро бештар аз хатари мубтало шудан ба бемории нашъамандӣ ва ба доми нашъаҷяаллобон афтодан бояд огоҳ кард? Оё метавон гуфт, ки нашъам андӣ табобатшаванда аст?

Инҳо аз ҷумлаи суолҳое буданд, ки дар мулоқоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи...

Страницы