Ахбори рӯз

ҶАСАДИ ДУХТАРИ 16-СОЛА ДАР КӮҲ. ХУДКУШӢ Ё КУШТОР? МАҚОМОТ ТАҲҚИҚ МЕКУНАНД

Дирӯз, 12-уми апрели соли 2021 дар кӯҳҳои деҳаи Зартеғи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷасади ҷинсаш зан дида шуд ва сокинон фавран ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Баъди дарёфти хабар гурӯҳи зудамали Раёсати КҲФ...

Сел дар Роштқалъаву Рӯшон. Даркушоиҳо дар шаҳри Душанбе

Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ рӯзи 11 – уми апрели соли 2021, соати 19:30 дақиқа сел дар километри 34-и  мавзеи Лангари ҷамоати деҳоти М.Миршакар роҳи Хоруғ-Роштқалъаро муваққатан баст.

 Ба ҷои ҳодиса  1 адад булдозери ДТ-75

Дар бархӯрди “Опел-Астра” ба “Дулан” дар Лақайбегӣ 5 нафар ҳалок шуданд

Соати 21:19 дақиқаи рӯзи 11-уми апрели соли равон дар мавзеъи Лақайбегии роҳи мошингарди  Душанбе-Ваҳдат-Данғара як мошини тамғаи “Опел-Астра” дучори садама шуд ва бар асари он 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ин мошинро як сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ идора мекард ва ӯ бо чор ҳамсафараш аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд.

Баҳси Ворух дар мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Академияи миллии илмҳои кишвар. Ворух анклав набуду нест

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсӣ бо мутахассисони Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои кишвар, муаррихон, номзадҳои илмҳои таърих Абдулло Ғафуров ва Бобомулло Бобомуллоев мулоқот карданд. Суҳбат дар  мавзӯи "Ворух - мероси ориёиҳо ва як қисми қаламрави таърихии Тоҷикистон" буд.

Рўзи мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

Ин рӯзест, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешавад. Рӯзест, ки ба одамон ҳушдор дода мешавад, ки канори зиндагии осуда як зиндагии дигаре ҳам эҳтимол дорад, ки бар асари офатҳои ногаҳонии табииӣ ба миён меояд. Ва инсон бояд ҳамеша худро ба ҳар гардиши айём омода созад. Ин рӯз дарсест барои сокинон ва ҳушдорест ба онон, ки ҳамеша омодаи ҳар гуна ҳодсаҳо бошанд, то хатари...

Страницы