Баргузории ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ

Пешгирии офатҳои табиӣ ва коҳиши хатарҳо яке аз вазифаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Дар робита ба ин, 26 майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Ҳокимияти Иҷроияи давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Раиси Ҳукумати вилоят Ёдгор Файзов ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ду масъала - таҳлили офатҳои табиӣ, ки аз аввали сол дар минтақа рух додаанд ва омодагии нерӯ ва воситаҳо ба давраи тобистон баррасӣ шуданд.

Аз рӯи масъалаи якум Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ВМКБ подполковник Н. Мираков суханронӣ кард.

Сардори шӯъбаи Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, подполковник Ш. Шоисматов дар мавриди ҷараёни иҷрои қарори Раиси ВИКБ аз 21-уми октябри соли 2020 №335 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи омодагии қувва ва воситаҳои вилоят ба давраи баҳору зимистони соли 2021” маълумот дод.  

Пас аз баррасии ин масъалаҳо, раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят барои беҳтар намудани кор ва ҳамкории сохторҳо дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва қабули қарорҳои саривақтӣ дар ҳолатҳои рухдода дастурҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла, дар робита ба масъалаи аввал қайд карда шуд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷудаи шӯъбаҳо, ташкилотҳо ва шарикони рушд барои расонидани кӯмак ба хоҷагиҳои зарардидаи минтақа кумак мерасонанд.

Аз рӯи масъалаи дуввум, Раиси вилоят бори дигар дастур дод, ки рӯйхати минтақаҳои хатарноки қаламрави минтақаро аз нав дида бароянд ва аз сохторҳои дахлдор даъват ба амал овард, ки барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда корҳои пешгирикунанда анҷом диҳанд.