Ахбори рӯз

Роҳандозии корҳои муҳофизатӣ ва тоза кардани каналҳо дар қитъаҳои хатарноки дарёи Кофарниҳон (ВИДЕО)

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат якҷо бо намояндагони ҳукумат, "ҶДММ Ёқут-2000" ва аҳолии маҳаллӣ дар деҳаҳо ва ҷамоатҳои атрофи шаҳр Ваҳдат корҳои муҳофизатӣ ва тоза кардани каналҳоро дар қитъаҳои хатарноки дарёи Кафарниҳон анҷом доданд.

Аз рӯзи 18 ноябр ҳаво сардтар мешавад, барфу боронҳои пуршиддат низ дар назаранд. Чанд тавсия ба ронандагон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 18 ноябр то 21 ноябри соли 2020 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва он ба барфи тар бадал мешавад, дар баъзе минтақаҳои  доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад. Шамол дар як сония 17-22 метр мевазад.

Даркушоӣ дар кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Синои пойтахт. Тифли хурсолро саломат ба модараш супурданд

Сокини кӯчаи Бобо Ҳамдам 31/1, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт аз баста шудани дари оҳании хонаи истиқоматии худ хабар дод. Вай гуфт, ки ба хона наметавонад ворид шавад ва тифли хурдсолаш дар дохил танҳост.

Дастаи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эҳтиёт аз кӯрдуди ҳезуму дами ангишт! Як сокини деҳаи Қашоти ноҳияи Лахш аз беэҳтиётӣ ҷон бохт

Бино ба гузориши бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рашт рӯзи 15 ноябри соли 2020 ду бародар аз деҳаи Қашоти Ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш бо мақсади дарёфти тилло аз рӯди “Муксу”, воқеъ дар рустои Қандоб ба мавзеъи “Хуҷаи тавоф” рафта буданд. Субҳи дигар дар дохили хайма яке аз бародаронро, ки 32 сол

Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Раёсатҳои КҲФ

Ҳамчуноне гуфтем, дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ таҷлил шуд. Аз ҷумла, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд вобаста ба нақшу хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам

Страницы