Ҷойҳои намоёни Раёсати КҲФ дар Хатлон дар мусобиқоти варзишии байни сохторҳои қудратии вилоят

Рузи 16 феврали соли ҷорӣ дар Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон мусобиқаи бисёрҳарбаи варзишии байни сохторҳои қудратии вилоят дар намуди турниккашӣ, вазнбардорӣ, тирпаронӣ, кор бо силоҳ, давидан ба масофаи 100 метр гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи варзишии турникашӣ ҷойи якум насиби хизматчии ҳарбӣ, прапоршик Fуломов З. шуд. Лейтенант Сайидов З. дар давидан ба масофаи 100 метр соҳиби ҷойи дуюм шуд. Афсари шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, дар бахши кор бо силоҳи оташфишон (ҷамъуғункардани автомати Калашников) ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф шуд.

Лейтенанти калон Миралиев Д. - афсари Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар мусобиқаи вазнбардорӣ ҷойи дуюмро гирифт.

Маврид ба таъкид аст, ки дар мусобиқаҳои бисёрҳарба байни сохторҳои қудрати вилояти Хатлон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон барои дарёфти ҷойҳои намунавӣ бо диплом ва ҷоми мусобиқот сарфароз гардонида шуд. 

М.Муйдинов.