Ҳалокати як марди 61-солаи урметанӣ дар дарёи Зарафшон
Чоп шуд: 03/09/2020 | admin
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳалокати як марди 61-сола дарёи Зарафшон хабар дод. Ин манбаъ иттилоъ дод, ки соати тахминан 10:50 дақиаи рӯзи 2-уми сентябри соли равон дар соҳили дарёи Зарафшон, мавзеи деҳаи Вешисти ҷамоати деҳоти Ёрӣ сокинон рӯи об баромадани ҷасади марди ношиносеро мушоҳида карданд.