Ахбори рӯз

Мизи гирд дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ

29 ноябри соли 2024 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Дурнамо ва рушди расонидани кӯмаки равонӣ ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар чаҳорчӯбаи фаъолиятҳои КҲФ ва МГ-и назди ҲҶТ”  мизи гирд баргузор гардид.

Садамаи мудҳиши мошин дар Шуғнон. Мошин ба дарё сарозер шуда ва ронанда бедарак

Имдодагарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оқибатҳои садамаи нақлиётиро дар шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим бартараф намуданд.

30 ноябри соли 2024, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории КҲФ дар ВМКБ аз садамаи мудҳиш дар дар километри 20-уми шоҳроҳи Хоруғ-Шуғнон-Ишкошим, ки аз қаламрави деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти Нишуспи ноҳияи Шуғнон мегузарад, хабар доданд. 

Марги як духтар ва писари 11-12-сола аз беэҳтиётӣ дар Мастчоҳ. Волидон кӯдаконро эҳтиёт кунед!

Дар давоми 24 соати охир дар кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ҳодисае рух дод, ки боиси марги ду кӯдак гардид.

28-уми ноябри соли 2024 дар деҳаи Обурдони ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, соати 16:00 ҳангоми тоза кардани боғ, ки дар нишеби дарёи Зарафшон воқеъ аст, ду кӯдак, ки амакзодаҳо буданд, аз беэҳтиётӣ ба дарё ғарқ шуданд.  

Дар хабар гуфта шудааст, ки яке 11 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст. 

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борон ва тарма дар чанд рӯзи оянда!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз 29 ноябр то 1 декабри соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст. Дар аксари ноҳияҳо боридани барфу борон пешгӯӣ шуда, боришоти рӯзҳои 30-уми ноябр ва 1-уми декабр дар баъзе ноҳияҳо шадид хоҳад буд.

Дар ҳудуди мамлакат заминларза ба қайд гирифта шуд

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 ноябри  соли 2024, соати 15:49 дақиқа дар  қаламраваи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. 

Маркази заминларза 279 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 89 километр ҷанубу ғарб аз шаҳри Хоруғи ВМКБ дар ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 4-балл, шаҳри Хоруғ 3 балл ва шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

Тибқи маълумотҳои гирифташуда, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд  гирифта нашудааст.

Страницы