Як ҳалокшуда дар раъду барқ, як ноболиғи селбурда, селҳо ва роҳҳои баста дар баъзе нукоти кишвар

Бино ба гузоришҳои расида шабонарӯзи гузашта бар асари раъду барқ як нафар ба ҳалокат расидааст. Як духтари 18-соларо наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар Суғд аз ғарқ шудан наҷот додаанд. Бар асари боронҳои пуршиддат дар чанд ноҳия сел омадаву роҳҳоро бастааст. Ҳамчунин як писари 12-соларо ҳангоми чорвочаронӣ сел бурдааст.

 Дар хабарҳои рӯзи гузашта 2-уми майи соли равон соати 03:00 як сокини 25-солаи деҳаи Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич, ки дар саҳро чорвочаронӣ мекард, бар асари ҳавои номусоид ва раъду барқ аз расиши барқ ба ҳалокат расидааст.  

Бо дарёфти хабар афсарони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ҳамроҳ бо сокинони деҳа ҷасади марҳумро пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.  

*****    ******     ****** 

 2 – уми майи соли 2025,  соати 10:15 дақиқа як духатри 18-сола, сокини кӯчаи Сулҳи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми аксгирӣ дар истироҳатгоҳи шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётӣ пояш лағжидаву ба дарёи Сир сарозер шудааст. 

Бо дарёфти хабар имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот ин духтари ҷавонро зинда наҷот доданд. 

******   ******   *****

 2-уми майи соли равон  тахминан соати 07:00 дақиқа дар  километрҳои  5 то 25-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, бар асари бориши боронҳои пуршиддат аз селроҳаҳо сел ва сангреза фаромада,   самти роҳи мазкур  муваққатан барои ҳама намуди воситаи нақлиётҳо баста гардид.

Барои бартараф намудани ҳодисаи баамаломада 4 адад мехлопата аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Айнӣ сафарбар гардида, соати 15:10 дақиқа роҳ барои ҳама намуди нақлиёт боз шуд.

Ҳамчунин  дар деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнӣ,  сел  ба заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ, роҳои дохилӣ  ва иншооти ёрирасон ворид гардида, зарар расонд.

****   ******    *****

  2-уми майи соли 2025, тахминан соати 16:10 дақиқа дар километрҳои 144 ва 146-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мавзеи Хушекати ҷамоати деҳоти  ноҳияи Айнӣ, бар асари бориши борони пуршиддат сел омад ва  роҳро барои ҳаракати ҳамаи гуна мошинҳо баст. 

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада,  2 адад мехлопата аз ҷониби ширкати IRS  ба  ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 19:20 дақиқа роҳ аз селовардаҳо пок карда шуда, ба ҳаракати мошинҳои сабукрав иҷоза дода шуд, вале дар айни замон ин роҳ барои мошинҳои боркаш баста аст. 

****   ******    *****

2 – уми майи соли 2025, тахминан соати 17:10 дақиқа дар километри 290 шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, мавзеъи Зиғари ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, бар асари боришоти борон аз селроҳа  сел омада, роҳи мошигардро барои ҳаракати нақлиёт номумкин кард. 

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада,  1 адад мехлопата аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Ш.Шоҳин сафарбар гардида, соати 00:30 дақиқа барои мошинҳои сабукрави тамғаи Ҷип роҳ боз шуд, аммо барои ҳаракати мошинҳои сабукрави дигар ва нақлиёти боркаш роҳ баста аст. 

****   ******    *****

 2-уми майи соли 2025, соати  17:10 дақиқа  бар асари бориши боронҳои зиёд,  дар  ҷамоатҳои Чоргул ва Даҳанаи ноҳияи Ёвон,  сел ба заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон  лойқа ворид кард. Аз ҷумла, дар деҳаи Гулафшон -3 ҷамоати деҳоти Чоргул ба 5 замини наздиҳавлигӣ; дар деҳаи Гулистон-2 ҷамоати деҳоти  Даҳана ба 4 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд. 

Тибқи маълумоти пешакӣ шаҳрванд Ҷалолиддини Акбаралӣ, соли таваллудаш 2013, истиқоматкунандаи деҳаи Якатути ҷамоати деҳоти Даҳана, ки бо ҳамроҳии бародараш дар доманакӯҳ маш-ули чорвочаронь буд, зери сел монда,  ба ҳалокат расидааст.

То кунун ҷустуҷӯи ҷасади номбурда натиҷа надодааст

 

 

барчасп: